ПИРӮЗИИ ОМӮЗГОРУ ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-ҳудуди ноҳия чорабинӣ баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Нурляминзода Саида Абдулямин ҳусни оғоз бахшида, чунин иброз дошт: “Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, ки соли 2023 бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, боз як бори дигар шаҳодат бар он аст, ки наврасону ҷавонон ва калонсолон аз таърихи бою рангини гузаштаи хеш огаҳӣ пайдо кунанд ва идомадиҳандаи амалҳои неки аҷдодони худ бошанд.

Дар навбати дигар маросими туҳфасупорӣ баргузор гардид, ки хушбахтона, дар он омӯзгори кафедраи табиӣ – риёзии факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Иҷобати Эмомалӣ сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯйи соли сеюми факултети филология ва таърихи муассиса Лайлои Абдуллохон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, ба даври шаҳрии ин озмун роҳ ёфтанд.

Боиси ифтихор аст, ки имсол аз Коллеҷи мо дар ҳамаи озмунҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ва ноҳиявию байнимуассисавӣ донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бо итминони комил гуфта метавон, ки соли таҳсили 2022-2023 барои таълимгоҳи мо соли бобарор маҳсуб меёбад.

Дастовардҳои пай дар пай муборакамон бошад!

Like0