Боиси фараҳмандист, ки бо ташаббусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқу шавқи ҷавонон ба санъат, пос доштани фарҳанг ва эҳтиром намудани арзишҳои милливу маънавӣ ва ба ин васила дарёфти истеъдодҳои ҷавону суханвар ва ҳунарманд тули чанд соли охир дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолият намуда истодааст.
Мавриди қайд аст, ки имсол даври якуми ин озмун миёни донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он чанд нафар донишҷӯён ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даври ноҳиявии ин озмуни бонуфуз донишҷӯйи соли 3-юми факултнети забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Муҳаббатзода Ҳангома аз рӯи номинатсияи “Сарояндагӣ” (дар жанри эстради миёни иштирокчиёни аз 18 то 40 сола) иштирок карда сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо диплом ва туҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид.