ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БАҲРИ ФАРОҒАТИ СОКИНОНИ ДУШАНБЕШАҲР

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология шоми 22-юми июни соли 2023 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Куруши Кабир” баҳри болида кардани хотири сокинони Душанбешаҳр ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон чорабинии хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Ваҳдат – сарҷамъии миллат” бо иштироки директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ ва сарояндаи маъруфи ватансарои кишвар Тобиш Ҳилолӣ баргузор гардид.

Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, доир ба нақш ва хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллати тоҷик ва пойдории сулҳу субот ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки ҳамаи хушбахтӣ ва муваффақиятҳои имрӯзаи миллати тоҷик самараи Ваҳдати миллӣ ва натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар навбати дигар сарояндаи маъруфи кишвар Тобиш Ҳилолӣ, собиқ омӯзгори мусиқии кафедраи педагогика ва психологияи таълимгоҳ Хайрулло Сафаров, донишҷӯёни ҳунарманди муассиса, ки имсол дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси дастури роҳбарияти муассиса аз тарафи ҳамаи факултети Коллеҷ то Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе баҳри фароғати сокинон чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бо ҷалби сарояндагони маъруфи кишвар ва донишҷӯёни соҳибистеъдод баргузор карда мешавад.

Like0