Дар партави амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ҷиҳати иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъол гардонидани паркҳои технологӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар – директори Маркази таълимию методӣ Раҳмоналӣ Мирзозода ва директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ аз шароити паркҳои технологии коллеҷҳо ва маркази омӯзиши курсҳои кутоҳмуддати шаҳри Турини Италия аз наздик шинос гардиданд.
Мақсад аз боздиди намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар табодули таҷриба бо муассисаҳои миёна ва олии давлатҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди дарс, ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ дар муассисаҳо ва ба ин восита боз ҳам боло бурдани сифати таҳсилот мебошад.
Аз ҷараёни сафар хабар ва суратгузоришҳо пешниҳод карда мешавад.