МУЛОҚОТИ МУҲИМУ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОН

Бо мақсади тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва донишандӯзӣ, хосатан, хатмкунандагон, санаи 8-уми июни соли 2023 аз тарафи садорати факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология ба хатмкунандагони факултети мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Декани факултет Муродҳусайн Илҳомов бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ доир карда, изҳор дошт, ки ҳамаи шумо, хатмкунандагон дар арафаи хатм қарор дошта, дар пеш аттестатсияи хатм ва ҳимояи рисолаи дипломӣ доред. Аз ин рӯ, бояд бо омодагии ҷиддӣ ба имтиҳонот ҳозир шуда, онро сарбаландона гузаред.”

Дар идома М.Илҳомов зикр кард, ки ҳамаи шумо омӯзгорони ояндаед ва тақдири насли наврас ва миллату ҷомеа дар дасти шумост ва зарур аст, ки дониши омӯхтаи худро дар давоми фаъолияти касбӣ бо маҳорату малакаи баланди касбӣ истифода бурда, барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бедор намудани ҳисси худшиносиву ватандӯстии кӯдакону наврасон ва ҷавонон ва рушди соҳаи маориф дар мамлакат ҳиссагузор бошед.

Like0