Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаю дурандешонаашон ба масъалаҳои маорифу илм, боло бурдани ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маорифу илм таваҷҷуҳи махсусу бесобиқа зоҳир намуда, дастгириву ғамхорӣ ба соҳаи маорифро “сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан” донистаанд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин сиёсати дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иқдомоти муҳиму лозимаро дар ин самт роҳандозӣ карда, барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва дастгирии омӯзгорону донишомӯзон корҳои бузургу мондагореро ба анҷом расонида, ин роҳро бо масъулияти баланд идома медиҳад.
Бо ин мақсад бо дастгирию ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “Дария”, директори Маркази таълимию методии назди Вазорат Раҳмоналӣ Мирзозода ва директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ Саъдулло дар семинари омӯзишие, ки дар шаҳри Турини Италия баргузор гардид, фаъолона ширкат ва суханронӣ карданд.
Зоир Ғафурӣ зимни суҳбати телефонӣ бо мо изҳор дошт, ки мақсад аз иштирок дар ин семинари муҳими сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм бо давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани салоҳиятнокии омӯзгорону донишҷӯён, истифодаи дурусту самараноки технологияҳои муосир, ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ дар раванди таълим, муайян кардани баҳо бо методҳои нав ва табодули таҷриба ҷиҳати боло бурдани сифати таҳсилот мебошад.
Намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар Раҳмоналӣ Мирзозода ва Зоир Ғафурӣ дар бораи корҳои бузургу ташаббусҳои беназире, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар раванди таълим ва дастгирии омӯзгорону пажӯҳишгарон роҳандозӣ шудаанд маъруза намуда, дастовардҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бузургу мондагор номиданд.