ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади ҳавасманд намудану қадрдонӣ кардани ҷавонони фаъол ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани завқи онҳо ба донишандӯзӣ 23-юми майи соли 2023 аз тарафи раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори фарҳангии муассиса чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҳурлиқо Қаюмова, декани факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология Муродҳусайн Илҳомов ва декани факултети забонҳои хориҷӣ Исомуддин Нозимов ширкат варзиданд.

Нахуст Ҳурлиқо Қаюмова аз номи роҳбарияти муассиса ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуда, чунин изҳор дошт: “Бо шукргузорӣ аз замони Истиқлол ҷавонони саодатманди Тоҷикистон зери сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо муваффақ шуда истодаанд.”

Дар идома омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҷамшеди Ҷунайдуло дар мавзуи “Ҷавонон ва мактаби сиёсати Пешвои муаззами миллат” маъруза намуд.

Мавриди зикр аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни ҷавон, ки тули як сол бо дастоварҳои назаррас ва мувазаффариятҳо номи худ ва муассисаро баланд бардоштанд, бо ифтихорномаи Коллеҷ сазовор гардиданд.

Like0