ЧОР ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 22-юми майи соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин озмуни бонуфуз 1 нафар омӯзгор ва 3 нафар донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд, ки номи онҳо дар зер зикр карда мешавад:

Умархонзода Субҳия, донишҷӯи соли 1-ум, сазовори ҷойи 1-ум аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик.

Аҳмадзода Навомеҳр, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти Коллеҷ, сазовори ҷойи 3-юм аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм.

Юнусова Соро, донишҷӯи соли 3-юм, сазовори ҷойи 3-юм, аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон.

Шарипов Абубакр, донишҷӯи соли 2-юм, сазовори ҷойи 3-юм, аз рӯи номинатсияи наср.

Мавриди зикр аст, ки барои иштироки фаъолона дар ин озмуни бонуфуз раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид. Инчунин омӯзгороне, ки барои омода кардани муҳассилин саҳмгузор буданд, бо мукофотпулӣ сарфароз карда шуданд.

Like0