Бо ташаббуси раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 20-уми майи соли 2023 ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоӣ зери унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саида Нурляминзода ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ ширкат карданд.