СЕМИНАРИ ОНЛАЙНӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

17-уми майи соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ миёни муасссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон семинари омӯзишии онлайнӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар директори Коллеҷ Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва дигар роҳбарони сохторҳои муассиса ширкат намуданд.

Семинар бо забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардида, дар он пурсишномаҳо пешниҳод шуданд, ки дар ҷавобдиҳии он иштироккунандагон аз Коллеҷи омӯзгорӣ фаъолияти хуб нишон доданд.

Мавриди зикр аст, ки семинари мазкур аз тарафи намояндагони Фонди омӯзишии Аврупо (European Education Found) баргузор гардид ва дар даври қаблии он ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд, дар қатори намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар – директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло низ ширкат ва суханронӣ кард.

Like0