ҶАЛАСАИ ВАСЕИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО ҲАЙАТИ РАЁСАТ ВА ОМӮЗГОРОНИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бо мақсади гузаронидани муассиса аз аттестатсияи давлатӣ намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 16-уми май фаъолияти гуногунҷабҳаи раёсат, кормандон ва омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ро мавриди санҷиш қарор доданд.

Бо мақсади натиҷагирӣ намудан ва ёрии методӣ расонидан ба аттестатсияшавандагон 16-уми майи соли 2023 раис ва аъзои Комиссияи аттестатсионӣ дар ҳайати Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентӣ, ба ҳайси раиси Комиссия,

Назарзода Маҳмуд – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва таълимии калонсон, Анвари Хирадманд – сармутахассиси раёсати номбурда, Ғафорзода Ҳусейн – мутахассиси ҳамин раёсат

Саъдуллоев Акмал – мутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва Фаромӯз Орзузода – сардори шуъбаи кадрҳои Агентӣ ҷаласа баргузор намуданд.

Дар ҷаласа аз тарафи Назарзода Маҳмуд – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва таълимии калонсон натиҷаи санҷиш ироа гардида, дар рафти ироа Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентӣ банд ба банд тавзеҳ дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида, ба масъулини сохторҳои Коллеҷ дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба онҳо кӯмаки методӣ низ расонид.

Боиси ифтихор аст, ки Комиссияи аттестатсионӣ муваффақиятҳои муассисаро ба назар гирифта, баҳои баланд дод.

Дар охир директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ барои таъмини шаффофият дар раванди санҷиш, риояи одоби хизматчии давлатӣ ва расонидани ёрии методӣ ба ҳайати Комиссияи аттестатсионӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар зудтарин фурсат камбудиҳои ошкоргардидаро бартараф намоянд.

Like0