ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ КОЛЛЕҶ ДАР БОҒИ “КУРУШИ КАБИР”

Бо ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 20-уми майи соли 2023 ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Куруши Кабир”- и шаҳри Душанбе чорабинии идонаи бошукуҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саида Нурляминзода ва доираи васеи меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия Саида Нурляминзода бо сухани табрикотӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон ифтитоҳ намуда, аз иқдомоти бузурги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва нақши ин қишри ояндасози миллат дар рушду муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон ёдовар шуд.

Дар идома директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ Саъдулло ҳозиринро ба ин санаи фархундарақам таҳният гуфта, инчунин, иброз дошт, ки маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои беназиру ояндасоз ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони саодатманди тоҷик мавқеи шоистаи хешро дар ҳама соҳа пайдо намуда, имрӯз онҳо муаррифгари Ватанамон дар ҷаҳони муосир ҳастанд.

Дар идома раёсат ва омӯзгорони Коллеҷ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Шоҳмансур бо ифтихорномаю сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи хотирмони фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии Коллеҷ, ки фарогири сурудҳои зебо, шеърҳои баландмазмун ва рақсҳои тоҷикона буд, пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯз аз ҷониби кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ раҳпаймоӣ зери унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Куруши Кабир” дар сатҳи баланд

роҳандозӣ гардид.

Дар охир аз ҷониби меҳмонон ба ҳунару истеъдоди баланди донишҷӯён ва ташкили чунин чорабинии сатҳи олӣ баҳои баланд дода шуд.

Like1