ИФТИХОРНОМА БАРОИ ШИРКАТИ ФАЪОЛ ДАР ФЕСТИВАЛИ «САД РАНГИ ЧАКАН»

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон, фаъолзанон, чеварону ҳунармандон аз ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони расонаҳои иттилоотӣ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи фестивал иброз гардид, ки мақсади асосии он- баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид, ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ буд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ бонувону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат карда, барои ширкати фаъол дар ҳама давраи Фестивали «Сад ранги чакан» бо ифтихорномаву туҳфаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Дастоварди арзишманд, муборак бошад!

Like0