ИСТИФОДАИ ХУБИ ВОСИТАҲОИ ТАЪЛИМИВУ ТЕХНИКӢ ДАР ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ

3-юми майи соли 2023 тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ Раҷабова Фарангез дар гуруҳи 102а, ихтисоси забони англисӣ дарси кушоди таълимӣ аз фанни грамматикаи амалии забони англисӣ дар мавзуи “Future Indefinite Tense-замони ояндаи номуайян” доир намуд, ки дар он мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Қосимова М.Н., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Мустафоева М ва як қатор омӯзгорони кафедраи номбурда ширкат варзиданд.

Дар дарс омӯзгор Раҷабова Ф.Н. воситаи таълимии техникиро хуб истифода бурда, ҳамзамон аз маводи иловагии таълимӣ (карточкаҳо, саволномаҳо ва маводи дигар) бо маврид истифода карда тавонист. Дар ҷараёни дарс омӯзгор аз усулҳои методи комуникативии таълим истифода намуд.

Бояд қайд кард, ки мақсади ташкили дарсҳои кушоди намунавӣ ин ташаккул додани маҳорати суханварии донишҷӯён, истифодабариии васеи таҷҳизоти техникии таълим – тахтаи электронӣ презинтатсияҳо ва маводи аудиовизуалӣ аз ҷониби омӯзгорон мебошад.

Like0