Ҳафтаи равон дар доираи ҳафтаи илм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар конфренсияҳои илмӣ баргузор гардида истодааст.
25 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар кори конфронс сардори раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т., дотсент Ниёзӣ Сироҷиддин Раҷаббоқӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.т., дотсент Довуд Ализода, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.ф., дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ д.и.ҳ., профессор Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Амонулло Каримов, директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, н.и.ф., дотсент Хуршед Сафарзода, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Баҳодур Раҷабов, директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Баҳрулло Давлатзода, муовини директори Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе Баҳром Назаров ва ҳайати профессорону дотсентон, аспирантону магистрон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст Зоир Ғафурӣ дар маросими ифтитоҳии конфренсия суханронӣ намуда, дар бораи кори конфронс ва аҳамияти он ба ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла иброз дошт, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои иллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ ба аҳли зиёи мамлакат нисбат ба илму таҳсилот таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми кишвар бо раёсати Коллеҷ дар пайравӣ бо иқдомоти наҷиби Пешвои миллат тасмим гирифтааст, ки дар ҳафтаи илм конфренсияи илмиро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорону муҳассилин баргузор намоянд.”
Сипас сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ дар маърузаи худ баргузории чунин як конференсияи бонуфузро таҳти унвони “Омӯзиши илмҳои дақиқ, гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ дар замони муосир” бахшида ба ҳафтаи илм иқдоми нек арзёбӣ намуд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо идома бахшида, баромадкунандагон масъалаҳои муҳимтариниро мавриди таҳлил қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳафтаи илм конфренсияҳо аз 24.04.2023 оғоз ёфта, то 27.04.2023 идома меёбанд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон