Бо мақсади муаррифии фарҳанги миллии тоҷикӣ ва дастгирии ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифиву рушди фарҳанги миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 26-уми апрели соли 2023 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯдухтарони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат варзида, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва туҳфаи хотиравии рамзи ин чорабинӣ сарфароз гардиданд.