ХАТМКУНАНДАГОН БА ҶОИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Бо мақсади ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки тариқи буҷавӣ таҳсил намуда, имсол таълимгоҳро хатм мекунанд, 25-уми апрели соли 2023 бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих Довуд Ализода, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар Садафмо Сафарзода, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва мудирону намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи қисме аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи тақсимоти хатмкунандагон ба ҷои кор ва шуъбаҳои маориф баргузор гардид.

Нахуст чорабиниро директори муассиса ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи мамлакат ба маротиб рушд карда, тавонист, ки ҳазорҳо кадрҳои баландихтисосро ба камол расонад ва ба хизмати халқу Ватан роҳнамоӣ кунад.

Дар идома Сафарзода Садафмо баромад намуда, зикр кард, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар ва талошҳои Вазорати маориф ва илм соҳаи маориф сол то сол рушд намуда мавқеи омӯзгор баланд гардидааст. Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки омӯзгорӣ касби пуршараф буда, инсонро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Аз ин ҷост, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияи омӯзгорӣ ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ аксарияташ ба тариқи буҷавӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки тариқи буҷавӣ таҳсил менамояд, пас аз хатми муассиса вазифадор аст, то дар зодгоҳ ва ё ҷойи истиқоматаш фаъолияти омӯзгории худро давом диҳад. Дар ҳолати акс, ба ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатм, яъне диплом дода намешавад ва ҳатто мақомоти маҳаллӣ метавонад шаҳрвандро барои ҳозир нашудан ба суд пешниҳод намояд ва маблағи ҳаққи таҳсилашро бозпас ба фоидаи давлат гирад.

Сипас, Ализода Довуд суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар шароити имрӯза ба соҳаи омӯзгорӣ машғул шуд басо хуб ва гуворост, зеро замон – замони техникаву иттилоот аст ва мо метавонем китобҳо ва дигар маводро тариқи интернет пайдо намоем ва аз китобхонаҳои электронӣ бемаҳдуд истифода барем. Аз ин рӯ, бояд рисолати аслии худро, ки дар назди давлат ва виҷдон қарз аст, иҷро намоем, зеро давлат моро хононд ва акнун мо вазифадорем, то дар вазифаи худро дар назди ҷомеа иҷро намоем.

Дар навбати дигар аз ҷониби мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Абдуҳаким Каримов тақсимоти донишҷӯён сурат гирифт, ки намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф онҳоро ба қайд гирифтанд.

Дар охир миёни донишҷӯён ва масъулин саволу ҷавоб сурат гирифта, муҳассилин ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Like0