Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳи хоса гӯш карда, онро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор медиҳанд. Роҳбари фарҳангсолору маърифатпарвар ва дурандеши миллат чун ҳамасола таваҷҷуҳи мардумро ба нуқтаҳои басо муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ҷалб намуданд. Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, мояи ифтихори насли имрӯзу фардо ва созандагии давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар Паём Сарвари давлат тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, соли 2022-ро барои мардуми тоҷик соли бобарор арзёбӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат ҳамаи самтҳоро бо солҳои қаблӣ муқоиса карда, тараққиёту пешравии давлатро бо нишондиҳандаҳои назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар Паёми имсола, хусусан, ба масъалаҳои рушду таҳкими самти иҷтимоӣ, бахусус илму маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Чунончӣ, таъкид намуданд, ки: ”Мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.” Аз ин баҳои баланд ва боварии қавӣ мо маорифчиён илҳоми тоза гирифтем. Зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва дигар муассисаҳои давлатӣ аз дастгириҳои ғамхоронаи Сарвари давлат дарак медиҳад. 20 дарсад зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф омӯзгоронро руҳбаланд намуд. Ба ҳамин хотир мо, омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасро мақсаднок ба роҳ монда, насли ояндасози миллати тоҷикро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ тарбия намоем.
Моро мебояд Паёми саршори ғояҳои ободкориву созандаро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳем. Илова бар ин, сохта ба истифода додани биноҳои таълимӣ, кӯдакистону майдончаҳои варзишӣ, иншоотҳои солимгардонӣ, маишӣ ва варзишӣ ташаббуси созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллатро собит месозад. Инчунин, дар Паём ироа гардид, ки: ”Барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.”
Илова бар ин, дар Паём барои рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ тақвияти содирот ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ шудааст. Паёми Пешвои миллат муҳимтарин рӯйдодҳои ҳамасоларо шарҳу тавзеҳ дода, вазифаҳои асосии аҳли кишварро дар соли навин муайян менамояд. Инчунин, вазъи кунунии иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро амиқу дақиқ инъикос ва вазифаҳои минбаъдаи аҳли кишварро ба таври саҳеҳ муайян мекунад.
Паёми навбатии Президенти мамлакат фарогири тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат аст. Ва ба сифати роҳнамо дар рушди илм, фарҳанг, сиёсату иқтисодии кишвар ва афзоиши нуфузи эътибори давлатамон дар арсаи байналмилалӣ нақши созанда хоҳад бозид. Бисёр масъалаҳо ва нақшаҳои дар Паём ба миёнгузошташуда амалишаванда мебошанд. Ин Паём барои пешбурди фаъолият, гузоштани қадамҳои устувор ва ноил шудан ба дастовардҳои рӯзафзун нақши муҳим дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба мавқеи занону бонувон суханҳо гуфта, ишора карданд, ки занону бонувон – модарони тоҷик дар баробари иҷрои вазифаҳои мансабӣ ва уҳдадориҳои касбӣ, дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстии фарзандони миллат, махсусан, насли наврасу ҷавон нақши калидӣ доранд. Инчунин, зикр карданд, ки: “Дар ҳамин масъала кумаки шумо ба мо лозим аст”. Ин муроҷиату таъкиди Пешвои миллат аз он ҷиҳат буд, ки агар модарони миллат бо қудрати сеҳрофари меҳри модарӣ, оғӯши гарму сурурбахши хеш фарзандонро дар масири ахлоқи ҳамидаву хулқу атвори наку роҳнамоӣ насозанд, бо лаҳни ширину гӯшнавоз ва аллаи дилнишин дурдонаҳои ахлоқу маънавиёт, зарурати показагии сиришт, дилу нияти нек ва меҳнату заҳмати ҳадафмандона, ҳисси ватандӯстиву соҳибдавлатиро дар замири насли миллат коштаву давоми даҳсолаҳо парвариш накунанд, танҳо фаъолияти мактабу маориф ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ самараи мавриди назарро ба бор нахоҳад овард. Оре, оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ объекти муҳими ватандӯстӣ дониста мешавад.
Шабоҳат додани миллат бо оила ҷузъи таркибии сиёсати миллӣ мебошад, ки аз бисёр ҷиҳат низоми арзишноки идеологияи миллӣ ва рамзҳои онро ифода менамоянд. Муносибат бо волидайн шакли муқараргардидаи муносибатҳои анъанавии фардӣ дорои умумияти сиёсӣ мебошад. Модар ва падар ҳамчун объекти меҳру муҳаббат ва ҳамчун рамзи дӯстдоштанӣ бо ғояи ватандӯстӣ алоқаи ногусастанӣ дорад.
Сарвари давлат нисбат ба кору фаъолияти занону бонувон назари нек доранд. Имрӯз сафи занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт зиёд ба мушоҳида расида, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва дар сохторҳои давлатӣ теъдоди онҳо сол аз сол афзуда истодааст. Солҳои қабл сафи занони хонашин ва духтарони аз таҳсил дурмонда хеле зиёд буданд. Бо дастгирӣ ва ибтикороти Роҳбари давлат сафи духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ сол аз сол меафзоянд. Тавассути квотаи Президентӣ ҳазорҳо нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчун кадрҳои зарурӣ ба ноҳияҳои дурдаст ба идораҳои давлатӣ сафарбар карда мешаванд. Маърифатнокӣ хоси занон буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Пешвои миллат дар Паёмҳояшон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ дастур доданд, ки ба рушди ин соҳаи ниҳоят муҳим ва калидӣ афзалияти бештар дода, барои таҳсилоти босифати ҷавонон дар ин самтҳо аз тамоми имконот истифода бурда мешавад. Масъалаи дигаре, ки дар Паём ба он Сарвари давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд, ин расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд буда, онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба дастгирӣ ёфтани ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд.
Бисёр равшан эҳсос мешавад аз Паём, ки Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ кишвари азизи хеш, халқи шарафманди онро дӯст медоранду баҳри рушди диёри маҳбуб бо ҷону дил мекӯшанд ва аз шукуфоиву пешравиҳои пайвастаи кишвар ифтихорманд мебошанд. Барои амалӣ намудани ҳар як иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки саҳм гузорему талош варзем.
Гулреза ГУЛОВА, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ