ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар ҳар давру замон масъалаҳое вуҷуд доштаанд, ки ба рӯзгори осудаи одамон, тараққиёти кишварҳо, амнияти давлату миллатҳо халал ворид месозанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлубу зараровар терроризм ва экстремизм аст. Решаҳои таърихии ин зуҳурот хеле амиқ буда, имрӯз гуфтан душвор аст, ки он кай ва дар кадом гӯшаи дунё пайдо гардидааст, зарари он ба ҷомеаи инсонӣ чӣ сон аст ва омилҳои густариши он чӣ гуна будаанд. Вале собит гардида, ки дар ягон ҳолату маврид чунин зуҳурот омили осоишу оромиш набудааст.

Имрӯз терроризму экстремизм ба хатари хеле ҷиддии айём барои бисёр кишварҳо табдил ёфтааст ва неруҳои мавҷуданд, ки барои манфиатҳои нопоки хеш ва ноором сохтани вазъи кишварҳои гуногун онро маблагузорӣ намуда, бо истифода аз роҳу воситаҳои нав ба нав ҷавонони ноогаҳро ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ даъват менамоянд.

Ҳанӯз дар солҳои охири мавҷудияти давлати шӯравӣ ва солҳои аввали даврони Истиқлолияти мамлакат кишвари мо аллакай зарбаҳои ҷонкоҳи ин ду зуҳуротро дар вуҷуди худ эҳсос намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми декабр соли 2005 зимни суханронии хеш дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ дар шаҳри Макка гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Маҳз чунин равияҳо ба он боис гардиданд, ки солҳои 90-уми асри гузашта, дар мамлакати мо низ баъзе рӯҳониёни иртиҷопараст сар бардошта, мамлакатро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Ҷароҳатҳои ин ҷанг то ҳанӯз пурра шифо наёфтааст. Имрӯз ҳам ҳизбу ҳаракат, созмонҳо ва шахсоне ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо амалҳои тундравона амалӣ намоянд. Ба қавли файласуфи машҳури англис Антони Гидденс: «мо акнун дар асри хатару таваккал зиндагӣ дорем».

Ҷумҳурии мо давлати ҷавон ва ҷавонон аст. Беш аз 70 дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (23-юми декабри соли 2022) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузурги ҷавононро дар рушду тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа таъкид намуда, изҳор доштанд, ки: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.»

Ҷаҳду талоши ҷавонон барои рушди соҳаҳои ҳаёт ва меҳри муҳаббати ба Ватан доштаи онҳо боварии моро ба ояндаи дурахшони кишвар бештару бештар тақвият мебахшад. Вале фаромӯш набояд кард, ки маҳз ҷавонон дар муқобили тарғиботу ташвиқоти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ қишри осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Тавре Пешвои миллат дар Паём қайд карданд, ҳоло ҳам гурӯҳҳои террористию экстремистӣ барои ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз тарзу усулҳои тарғибот бо истифода аз воситаҳои технологияи муосири иттилотӣ, ҷавонони камтаҷрибаву аз мақсадҳои нопоки онҳо бехабарро ба дом афканда, ба вартаи гумроҳӣ мебаранд.

Ҳодисаҳои ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористӣ шомил гардидан ва дар ҷангҳо ширкат намудани ҷавонон далели он аст. Имрӯзҳо низ ҳодисаҳое мушоҳида мешаваанд, ки ҷавонон ба сомонаҳои иҷтимоии душманони миллати тоҷик ворид шуда, зери таъсири ҳарзаву ҳангомаҳои эшон мемонанд. Масалан, имрӯз шабакаҳои интернет ва телефонҳои мобилӣ барои аксар ҷавонон дастрас буда, ба воситаи тарғиботу ташвиқоти душманони давлат ва миллати тоҷик табдил ёфтаанд. Бинобар ин, муқовимат ба терроризму экстремизм ва ташкили мубориза бо ин зуҳурот ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи мо қарор дорад.

Дар мамлакати мо мубориза бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Заминаи ҳуқуқии ин фаъолиятро уҳдадориҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, дар ин самт дар кишвар як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.

Санади аввалин Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003 мебошад, ки соли 2000-ум қабул гардидааст. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 тасдиқ карда шудааст, ки он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян карда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуд.

Солҳои 2020 ва 2021 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” ва “Дар бораи муқовимат бо терроризм” қабул гардиданд. Санадҳои мазкур ҳар яки мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро вазифадор месозанд, ки дар ин самт фаъол бошем ва бо ин зуҳуроти номатлуб сарҷамъона ва беамон мубориза барем.

Қобили дастгирист, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш (23-юми декабри соли 2022) барои пешгирии чунин ҳаводис ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ки ба воситаи технологияҳои коммуникатсионӣ содир мегарданд, ташкили “Маркази ягонаи иттилоотӣ”-ро пешниҳод карданд. Ташкили маркази мазкур ба он мусоидат хоҳад кард, ки ҷавонон аз мақсадҳои нопоку ғаразноки созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ огаҳии бештар пайдо намоянд ва гаравидани онҳо ба чунин созмонҳо пешгирӣ гардад.

Соли сипаригардида «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ ва қабул шуданд, ки яке аз ҳадафҳои ин санадҳо низ пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир аст. Вазифаи мо, омӯзгорон аст, ки дар амалӣ намудани ин барномаҳо самимона фаъолият намоем. Дар ин самт зарур аст, дар мисоли зиндагӣ ва фаъолияти Қаҳрамонони Тоҷикистон , фидокориҳои дигар фарзандони фарзонаи миллат, асарҳои барҷастаи адибони мамлакат содиқ будан ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ ва рӯҳияи ватанпарварию меҳандории наврасону ҷавонон баланд бардошта шавад.

Мақсаду мароми душманона ва тахрибкоронаи гурӯҳу созмонҳои тамоюли террористиву экстремистӣ дошта, бо мисолҳои мушаххас аз таърихи кишвар ва мамолики дигар фаҳмонида шавад. Истифодаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ дуруст ба роҳ монда ва пеши роҳи мағзшӯии наврасону ҷавонон гирифта шавад. Барои ҳифзи амният ва манфиатҳои миллӣ дар пеши роҳи парокании ҳама гуна маводи тарғиботии хусусияти экстремистиву террористӣ садду монеаҳо ба вуҷуд оварда шаванд. Ҳувияти миллии наврасону ҷавонон баланд бардошта шавад.

Дар ин роҳ ҳар сухан ва ҳар амали устод, муаллим, омӯзгор бояд барои шогирдон намунаи ибрат ва қобили пайравӣ бошад, яъне вазифаи муҳимтарин он аст, ки мо омӯзгорон, пеш аз ҳама, худ бо зуҳуроти номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир муборизаи оштинопазир дошта бошем, Ватани азизамон, арзишҳои миллиамонро дӯст дорему арҷ гузорем.

Иҷобати ЭМОМАЛӢ, омӯзгори кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0