19-уми апрели соли 2023 ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷавонон бо волидони донишҷӯёни курсҳои 1-уми ихтисоси география, гуруҳи 114 (баъди хатми синфи 9) -и факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология маҷлиси падару модарон гузаронида шуд.
Дар ҷаласа декани факултет Муродҳусайн Илҳомов, муовини декан оид ба корҳои таълиму тарбиявӣ Файзалӣ Ҳакимов, куратори гуруҳ Бахтовари Мирзовалӣ ва омӯзгорони фаннӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои:
Саривақт ҳозир гардидани донишҷӯён ба дарс,
Риояи либосҳои тавсиявӣ дар дарсҳо;
Саривақт пардохт намудани шартномаи таҳсил;
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ;
Истифодаи набурдани телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни дарсҳо;
Фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ;
Супоридани имтиҳонҳо ва қарзҳои академӣ;
Ҳолати омодабошӣ ба дарсҳо, доштани китоби дарсӣ, дафтарҳои фаннӣ ва муносибати дуруст ба таълим тибқи талабот;
Бояд зикр кард, ки нисбати масъалаҳои болозикр декани факултет ва муовини он баромад намуда, доир ба фаъолият дар раванди дарсҳо аз тарафи муҳассилин омӯзгорони фаннӣ як ба як дар назди волидон таҳлилу баррасӣ намуданд.