ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКТРЕМИСТӢ ДАР НИҚОБИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

Яке аз мушкилоти доғи рӯз, ки дар ҷомеаи мо байни ҷавонон ба вуқӯъ пайваста аст, ин гаравидани зумрае аз ҷавонони ноогоҳ ба гуруҳҳои ифротгаро ва майл доштани онҳо ба бегонапарастӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду маърузаҳои худ мунтазам қайд менамоянд, ки: “Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари шаҳрвандонро ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд”.

Ин ҷо руҳи замон ва дунёи имрӯзро дуруст бояд шинохт, то аз ин масъалаи печида раҳо ёфт. Ду рӯйдодро бояд шинохт, ки бо ҳам бофтаанд ва сабаби бунёдианд, ки ҷавонони мо ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд ва ба мамлакатҳои дигар барои амалӣ гардидани нақшаҳои ба зиммагузоштаи хоҷагони хориҷии худ амалиётҳои террористиро анҷом медиҳанд. Дунёи имрӯз – дунёи қудрат ва манфиат буда, мавҷи ҷаҳонишавӣ, ки марказаш давлатҳои сармоядор мебошанд, дар зери шиори «демократияи исломӣ» ба ҷуз куштори мардуми бегуноҳ ва харобиҳо боз қиссаҳои «таҳдиди исломӣ», «терроризми исломӣ», «созандагони равияи исломӣ» ва ғайраро паҳн карда истодаанд, ки худ ҳаракатҳои ифротгароро ташкил ва дастгирӣ ҳам мекунанд. Табиист, ки дар ин фазои сиёсии зидди исломӣ ҷавонони тоҷик, ки арзишҳои исломӣ дар вуҷуди онҳост, дар ҳама ҷо мавриди таъқиб ва таҳқир қарор гирифта, баъзеҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд.

Бояд зикр намуд, ба ақидаи баъзе аз коршиносони соҳа, ки мегӯянд ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал аст. Оид ба сабабҳои воқеии гароиши иддае аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологӣ бо ҷалби коршиносон тақозои рӯз аст, чун яке аз сабабҳои ба гуруҳҳои ифротию тундгаро пайвастани бархе ҷавонони тоҷик дониши номукаммали динӣ ва ноогоҳии онҳо мебошад.

Бархе аз олимону коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки сабаб бесаводии онҳост, баъзеи дигар фақрро сабаб медонанд, ё ҳатто нокомӣ дар ҳаёти шахсиро. Мо бояд шахсони ифротиро нодида нагирем чун дар байни онҳо босаводон ва ҳатто донишмандон низ кам нестанд. Онҳое ҳам, ки дороии ҳангуфте доранду ҳамаро ба хотири ба ном «озодӣ дар охират» тарк кардаанд ё дороиашонро дар ин роҳ сарф намудаанд, хеле зиёданд.

Шаклҳои гуногуни ифротро ҳамчун воситаи истисноӣ барои ба ҳадаф расидан истифода мебаранд. Дигар омил ин ба роҳ мондани таблиғоти шадиди гуруҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоист, ки ин таблиғот муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоием, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамоянд.

Раванди ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд.

Заминаҳои асосӣ ин таблиғоти шадиди гуруҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоист, ки ин таблиғот муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ва инкишоф ёфтани ин гуруҳҳо гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки гуруҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ мехоҳанд давлат, миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар таърихи тулонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, бахусус, давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб ба вуҷуд омад. Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд.

Ташвишовар ин аст, ки дар раванди ин мубориза шеваҳо ва василаҳои номашрӯъ ва харобиовар, ки берун аз меъёрҳои байналмилалианд, васеъ истифода мешаванд. Баъзе давлатҳо ва доираҳои бонуфуз аз неруи гуруҳҳои тундрав ва ифротӣ ба хотири манофеи геополитикии худ сӯистифода менамоянд. Зиёда аз он, гуруҳҳои ифротӣ ва ҳатто террористие ба дасти дигарон сохта шуда, дар зери ниқоби дини мубини ислом ҳамчун василаи тахрибкорӣ зидди давлатҳои мусулмонӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Хеле таассуфовар аст, ки мақомоти ин давлатҳо то ҳанӯз ба чунин зуҳурот эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Муборизаи шиддатёбандаи кишварҳои қудратталаб ва сохторҳои гуногуни онҳо барои талоши дастёбӣ ба манобеи ҳаётӣ, стратегии табиӣ ва иқтисодӣ барои ҳама кишварҳо ва халқҳо хатари рӯзафзун дорад. Ин хавф барои кишварҳои исломӣ бештар ва возеҳтар аст, зеро ин кишварҳо дорои захираҳои азими табиӣ буда, дар нуқтаҳои ҳассоси геополитикӣ ва геостратегии дунё ҷо гирифтаанд. Дар ҷаҳони муосир ба таври куллӣ ҳеҷ кишваре бе пуштибонӣ аз манфиатҳои худ кишвари дигареро дастгирӣ ва кӯмак нахоҳад кард. Таърих гувоҳ аст, ки дар аксарияти маврид ҳаракатҳои динию мазҳабӣ ва эътиқодмеҳвар бунёдҳои хайриявии худро ба хотири ривоҷи фаъолиятҳои миссионерии худ таъсис додаанд.

Тазаккур бояд дод, ки шиддатёбии рақобату низои фарҳангҳо ва ташвиқи андешаи «бархурди тамаддунҳо», ки аз ҷониби доираҳои ғаразнок барангехта мешавад. Ин падида дар зоти худ хатари азим дорад ва пешгирии он вазифаи ҳар фарди солимандеш ва масъулиятшинос аст.

Аз маълумотҳои таърихӣ ва сиёсӣ бармеояд, ки маҳз падидаи ифротгароӣ боис шуд, ки давлати неруманди Сомониён аз байн рафт. Дар он замон олимону равшанфикрон, маърифатпарварону зиёиёни даврони худро таъқиб мекарданд ё онҳоро ба ҳар баҳона ва идеологияи сохтаи динӣ ба қатл мерасониданд. Маҳз аҷнабиён таълимоти ифротгароиро бо усулҳои гуногун тарғиб карда, бузургони даврро аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусравро аҳли куфор мехонданд.

Ба чашмони бузургвори муътабар Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мил кашиданду ӯро кӯр карданд, ва хостанд хирадгароӣ ҳамчун Фирдавсиро зери пои фил партоянду бикушанд. Феълан зарур аст, ки таълимоти ягонагӣ ва воҳидияти башарӣ аз ҷониби масъулини дин, омӯзгорони макотиби олӣ, миёнаимахсус ва ғайра тарғиб шаванд ва мувофиқи матлаб фаҳмиши исломи ноб барои аҳолӣ хусусан ҷавонон роҳандозӣ гардад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ин рӯзҳо, ки муборизаҳои мазҳабӣ дар қолаби ҷаҳонишавӣ бештари кишварҳоро фаро гирифтаанд, ҷавонони моро мебояд дар пайравӣ ба мазҳаби аҷдодии худ зиракиро аз даст надиҳанд, то гирифтори доми гуруҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ нашаванд.

Амалҳои террористӣ дар ин ё он минтақаи олам ҳушдорамон медиҳад, ки нисбати ин тамоюл бетараф набошем. Пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиро гирем. Зеро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳмияти сарнавиштсоз дорад.

Муродҳусайн Илҳомов, декани факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

Like0