18-уми арели соли 2023 аз тарфи куратори донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисоси забони англисӣ, гуруҳҳои 302 ва 302 “А” Ҷамшеди Ҷунайдуллозода дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Душанбе – макони мардони хирад” баргузор гардид, ки дар он муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳурлиқо Қаюмова ва омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Дарсро омӯзгор Ҷамшеди Ҷунайдуллозода оғоз намуда, дар бораи таърих, дирӯз, имрӯз ва фардои шаҳри Душанбе сухан гуфт.
Дар идома донишҷӯён бо маҳорати баланди суханварӣ дар бораи Душанбешаҳр ва маркази тамаддуну фарҳанг ва равобити дӯстии байни шаҳрҳову давлатҳои дигар буданаш маълумоти муфид доданд.
Дар охир Ҳурлиқо Қаюмова ба раванди дарс баҳои баланд дода, зикр кард, ки баргузории чунин дарсҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон хело хуб буда, муҳассилинро ба худшиносию ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамояд.