ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР ДАР СЕМИНАРИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи хеш ба масъалаҳои маориф, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастгириву ғамхорӣ ба соҳаи маорифро “сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан” донистаанд.

Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иқдомоти заруриро роҳандозӣ карда, ҷиҳати беҳтар шудани сифати таҳсилот ва дастгирии омӯзгорон корҳои бузургу мондагореро ба анҷом расонидааст.

Бо ин мақсад бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи “European Training Foundation”, намояндаи раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорат Зоир Кулобиев, намояндагони раёсати коллеҷҳои ҷумҳурӣ – директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ Саъдулло ва Ҷалолиддин Амиров дар семинари шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доранд.

Мақсад аз иштирок дар ин чорабинии муҳим боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм, ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва табодули таҷриба ҷиҳати боло бурдани сифати таҳсилот мебошад.

Зоир Ғафурӣ дар семинар аз робитаҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ду миллати бузурги тоҷику ӯзбек бо шарофати сиёсати ояндадор ва сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои гуногунҷабҳа зиндагӣ намуда, дар ояндаи наздик боз ҳам ба музаффариятҳои бузургу судманди дуҷониба ноил хоҳанд шуд.

Инчунин, Зоир Ғафурӣ дар бораи иқдомоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дастгирии омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон роҳандозӣ шудаанд, сухан гуфта, аз ҷумла, изҳор дошт, ки соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа рушд кардааст.

Like0