АМАЛҲОИ НАКӮ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Дар партави сиёсати хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми апрели соли 2023 дар арафаи иди Рамазон ба ҳамаи кормандони қисми хоҷагии Коллеҷ аз тарафи раёсати Коллеҷ кӯмаки яквақтаина аз қабили орд, равған, шакар ва картошка расонида шуд.

Дастгирии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни эҳтиёҷманд мавриди таваҷҷуҳи доимии раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ қарор дошта, он мунтазам ва дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ амалӣ мегардад.

Like0