УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД

18-уми апрели соли 2023 аз тарафи омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷ ба донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ (баъди хатми синфи 9) ҳамоиши илмию адабӣ бахшида ба 145 солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, олим, шоир, нависнда устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Тулуи хуршеди маонӣ – Садриддин Айнӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти Коллеҷ Мастура Қосимова, мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ Абдулхайр Маҳмудов ва мудири кафедраи педагогика ва психология Раҳматулло Асадуллоев ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён доир ба ҳаёту фаъолият, корнамоиҳои устод Садриддин Айнӣ баромад карда, суханони бузургон дар бораи Садриддин Айниро бо лаҳни зебо ва ҳиссиёти баланди инъикоскунандаи муҳаббат ба фарзонафарзанди миллати тоҷик С.Айнӣ иброз доштанд.

Дар охир иштирокчиён ба раванди чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Like0