КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪБАСТӢ: РАВАНДИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ҚАНОАТМАНД АСТ

Бо мақсади натиҷагирӣ кардан аз рафти баргузории марҳилаи аввали таҷрибаомӯзии педагогӣ 4-уми апрели соли 2023 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки донишҷӯёне, ки даври якуми таҷрибаомӯзиро ба охир расонидаанд, конференсия баргузор гардид. Дар кори конфронс сардори раёсати таълим Маъруфшоҳи Ҳасан, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Абдуҳаким Каримов ва роҳбарони таҷрибаомӯзии гурӯҳҳои академӣ ширкат намуданд.

Нахуст Маъруфшоҳи Ҳасан суханронӣ намуда, доир ба ҳолату вазъи таҷрибаомӯзӣ ва муҳимияти он ба донишҷӯён сухан гуфт. Дар идома А. Каримов доир ба рафти таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шартномадошта ва кафедраҳои пойгоҳии таълимгоҳ ҳисоботи хешро ироа намуда, раванди таҷрибаомӯзиро қаноатманд арзёбӣ намуд.

Like0