Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 5-уми апрели соли 2023 аз ҷониби кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, садорат ва ҳайати омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Завқибек Саидов кори ҳамоишро оғоз бахшида, иброз дошт, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротӣ нигаронкунанда буда, омили асосии он камсаводии ҷавонон ва зиёд рӯ овардани онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Зикр шуд, ки омӯзгорон бояд барои босавод кардани ҷавонон, ҷо намудани ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва зиракии сиёсии ин қишри ҷомеа ва ба ин васила роҳнамоӣ кардан ба фарҳанги дуруст ва мақсаднок истифодабарии шабакаи интернет тамоми қувва ва маҳорату малакаи худро равона созанд.
Дар идома дигар иштирокчиён доир ба мавзуи пешниҳодшуда, маърузаҳои муҳиму судманд намуда, фикру ақидаҳои худро баён доштанд.