Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд.
Дар асоси фармоиши директори муассиса ҳайати комиссия аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба таъсис дода шуд. Тибқи пешниҳоди ҳайати комиссия донишҷӯён вобаста ба номинатсияҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки озмун дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, раванди минбаъдаи он низ таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти муассиса қарор дорад.