Истиқлол волотарин ва арзишмандтарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар охири асри ХХ ба даст омад. Ин неъмати бузург бо омаданаш нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва осоиштагиро ба мардуми сарбаланди тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам намуд. Оре, Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Чист Истиқлол? Сарбаландиву сарфарозӣ ва озодиву якдилии миллати тоҷик аст. Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳар як сокини кишвар мафҳуми Истиқлолро хуб ва амиқ дарк кунад. Хусусан, донишҷӯён бояд бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Вақте тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар вазъи ногувори давлатҳои ҷаҳонро мебинам, шукр аз он менамоям, ки мо, ҷавонон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем. Бинобар ин, муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлол – ин дастоварди бузург рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси ин Ватан аст.
Мо, ҷавонон ифтихор аз он мекунем, ки имрӯз Истиқлоли давлатиамон комилу неруманд аст ва баҳри то ба ин сатҳ расидани он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии аҳли кишвар хидматҳои арзишманду таърихиро сомон бахшиданд.
Яке аз муҳимтарин дастоварди Истиқлоли мо он аст, ки тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард, дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд ва миллати тамаддунофари тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кард.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагони худро амалӣ намоянд. Истиқлол ба мо чӣ дод? Як ба атроф назар афканем, он гоҳ ба ин савол ҷавоби дақиқро пайдо хоҳем кард. Яъне, Истиқлол ободӣ, оростагӣ ва озодиро ба миллати мо ҳадя намуд. Аз ин рӯ, вазифаи мост, ки ин дастоварди беназири таърихро ҳифз намоем.
Истиқлоли давлатӣ шароити арзандаро барои мо, ҷавонон ба вуҷуд овард. Бояд қайд кард, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омаданд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд Истиқлоли давлатиро бо роҳи худшиносии миллӣ, донистани таърихи миллат ва монанди инҳо ҳифз намоем.
Малика РАҶАБОВА, сармутахассиси раёсати таълими Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.