Дар партави мулоқоти сарони далатҳои ҳамсоя дар Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд)
Наврӯз волотарин ва арзишмандтарин шиносномаест, ки дар он худшиносӣ ва ҳувияти ҳар як ориёӣ инъикос ёфтааст ва таърихи он ба таърихи фарҳанг ва тамаддуни ин мардуми соҳибтамаддун тавъам падид амадааст. Агар аз як тараф Наврӯз ин “рӯзи нав” ва ё рӯзи аввали соли ҳиҷрии шамсӣ маънидод шуда бошад, аз тарафи дигар ба умқи ин ҷашни аҷдодӣ назар афканем, онро бо як ифода – “Пайванд” метавон шарҳ дод, яъне пайванди ваҳдату дӯстӣ ба мардум ва ё халқ. Бо таъбири дигар, Наврӯз як наслро ба насли дигар, як аслро ба асли дигар ва ё гузаштаро ба ҳозира ва ҳозираро ба оянда мепайвандад. Наврӯз ҳамчун ҷашни тақвиятдиҳандаи дӯстиву рафоқат ва табодули расму оин эътироф шудааст.
Ҳамин пайванд аст, ки бо мақсади пойдории дӯстӣ, равнақ бахшидан ва тақвият додани риштаи дӯстии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ки 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Албатта, ин ҳамоиши муштарак аз пойдории сулҳу дӯстӣ ва иртиботи ҳамаҷонибаи кишварҳои мазкур шаҳодат медиҳад.
Дар ин ҷашни пуршукуҳ сараввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд. Дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хидмат намудааст”.
Ҳамзамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем”.
Дар заминаи ин гуфтаҳо дӯстии мардуми тоҷик бо миллатҳои қирғизу ӯзбек намунаи беҳтарини ҳамкории байналмилалӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар тули таърих бо ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳким ёфтааст. Бояд гуфт, ки ин миллатҳо дорои таърих, фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои умумие ҳастанд, ки якдигарро ба ҳам меоранд. Ҳамкориҳои дуҷониба байни ин давлатҳо метавонад ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангуву мадании муштараки ин кишварҳо таъсири мусбат расонда, ба хотири пешрафту тараққиёти ҳарду ҷониб як қадами устувор ба ояндаи наздик бошад.
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро “яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон” номиданд. Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар “рӯйдоди бисёр муҳим” арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзҳои 12-13 марти соли равон анҷом ёфта буд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад, дар оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.
Бояд зикр кард, ки ин сафари Президенти кишварро ба Ҷумҳурии Қирғизистон метавон яке аз сафарҳои таърихӣ номид. Зеро дар ин сафар ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расида, 16 санади дуҷониба ба имзо расонида шуд, ки соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар бар мегирад. Ин сафари Пешвои муаззами миллат ба таҳкими муносибатҳо таъсири амиқ гузошта, гардиши молу маҳсулотро густариш дод ва муносибатҳои фарҳангиву иҷтимоии ин ду давлатро дубора эҳё намуда, дӯстиву рафоқатро миёни ин ду миллат тақвият бахшид.
Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ “дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт”.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир муносибатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин дар ҳамсоягии минтақа аз назари сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба сатҳи рушди босуръат равона шуда истодааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар чорабиниҳои мухталиф дар шаҳрҳои Бустон, Хуҷанд, Душанбе, Тошканду Самарқанд маросимҳои имзои протоколҳо ва тасдиқи санадҳои муҳим ҳамчун заминаҳои ҳуқуқии рушди ҳамкории стратегии муносибатҳои ду кишварро боз ҳам мустаҳкам намуда, ташрифоти давлатии сарони кишварҳо дар ин раванд нақши асосӣ мебозанд.
Дар робита ба ин, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи имсола ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон дар маркази ЕХРО-и Душанбе дар ташаккули шароитҳои мутобиқ ва васеи сармоягузории дуҷониба нақши муҳим доштанд.
Бояд гуфт, ки ин ташрифот бо ба вуҷуд овардани муҳити муфид барои ҷалби сармоя, ташаккули шароити нави ҳамкории тиҷоратӣ ва интиқоли озоди молу маҳсулот байни кишварҳо падидаҳои назаррас ҳисоб мешаванд. Мулоқотҳо ва санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нишондиҳандаи имконияти васеъ барои рушди чорабиниҳои сармоягузории нав ва рушди корхонаҳои муштараки саноатӣ замина мегузорад.
Ҳамзамон, вохӯриҳо ва санадҳои байнидавлатии имзошуда аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ду кишвар ба рушди робитаҳо ва идомаи ҳамкории стратегӣ дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд.
Дар идома Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон хушбинии баланд дорем”. Ин раванд на танҳо ба афзоиши ҳамкории иқтисодӣ ва технологӣ мусоидат менамояд, балки бо ташаккули шароити дӯстиву ҳамбастагии иҷтимоию фарҳангӣ, заминаи рушди робитаҳои ҳамсоягӣ, суботи минбаъдаи минтақа ва силсилаи муносибатҳои дуҷониба таъсири амиқ мегузорад.
Дар фарҷоми суханронӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя “ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд”.
Дарвоқеъ, мо – тоҷикон ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати хирадмандона ва ояндасози Сарвари сулҳовар ва сиёсатмадори донишманду тавоно, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озодиву оромӣ, сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ – Тоҷикистони биҳиштосо умр ба сар мебарем.
Тоирзода Абдусалом, н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.