Ҷаҳонишавии Наврӯз мо ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намуда, ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз барои мо, тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади боз ҳам рушд намудани фарҳанги болои миллии тоҷикон ва донишиҳои марбут ба таърихи ниёгони тоҷикон чорабиниҳо баргузор намоянд.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз – ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилав дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар “Наврӯзнома” гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Шоҳону мардуми одӣ ин идро ҷашн мегирифтанд.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бо ин мақсад мардуми тоҷик соли нави худро аз айёми омадани баҳор ва аз ҷашни Наврӯз оғоз мекунанд.
Наврӯз ин ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиё Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯзро дар Тоҷикистон ба таври расмӣ 21-умм март ҳангоми баробаршавии шабу рӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар ин ҷашни бузург мардуми тоҷик аҳаммияти калон барои ороиши дастархони идонаи Наврӯзӣ ва маросимҳои ҳалқию варзишҳо медиҳанд.
Калимаи “НАВРӮЗ” маънои “Рӯзӣ нав”- ро дорад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуми гуногуни миллӣ ҷашн мегиранд. Мардум ба якдигар дар ин рӯз ва соли нав таманниёти соли барору комёбиҳо таманно мекунанд. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон шукуҳу шаҳомат ва азамати ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯз эҳё гардида, имрӯзҳо он ба яке аз ҷашнҳои муҳим ва бузурги мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Ҷойи таъкид аст, ки ин ҷашни аҷдодии мо таърихи бениҳоят тулонӣ дошта, рамзи бедории табиат ва оғози фасли шукуфтанҳо мебошад. Ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик омад – омади ҷашни куҳанбунёди Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанду аз ин ҷашни миллиро бо шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил мекунанд. Бигзор ҷашни мазкур ба мардуми шарифи кишварамон сарфарозиву осудагӣ, хуррамиву хушрӯзӣ, сулҳу осоиштагӣ ва фазои софу беолоишро ато намояд.
Меҳрона Давлатова, котиби Шурои олимон (омӯзгорон)-и Коллеҷ.