Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, боз фасли баҳор, фасли эҳёи табиати фусункор ҳукмфармо гашт ва ҷашни бостониии аҷдодиамон Наврӯз фаро расид. Наврӯзи куҳанбунёди моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш ва ибтидои ҳаёт номиданд. Воқеан ҳам, Наврӯзи бостонӣ дар саргаҳи таърихи мо, ориёинажодон қарор дошта, ҳамчун суннати арзишманди миллӣ ва ифодагари фарҳангу тамаддуни волои мо эътироф гардидааст.
Наврӯз чун рамзи ҳамбастагии инсону табиат ва рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот шинохта мешавад. Маҳз бо фарорасии Наврӯз Замин ба меҳвари Хуршед баромада, шабу рӯз баробар мешавад ва ҳамагон руҳу неруи тоза пайдо карда, бо азму иродаи қавӣ, дасту дили гарм аз нав ба корҳои ободониву созандагӣ машғул мегарданд. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯзи оламафрӯзи мо бо сулҳу ваҳдат, бо дӯстиву рафоқат, бо фаъолияту бунёдкорӣ ва бо пиндору гуфтору кирдори нек иртиботи ногусастанӣ дорад.
Басо сурурбахш аст, ки Наврӯзи дилафрӯз ва ҷаҳонорою сулҳофарин дар аҳди Ҷамшеди номвар зуҳур кардаву дар дарозои таърих, ҳарчанд ба монеаву гирудорҳои фаровоне дучор омад, устувору поянда монд ва то ба рӯзгорони мо, мардумони ориёитабор бирасид!
Мо ифтихормандем, ки Наврӯзи бостониамон дар арсаи пуршебу фарози таърих мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф карда, бо тамоми анъанаву оин ва ҳусну тароваташ то ба рӯзгорони мо расидааст ва умри бардавому безавол ёфтааст. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои густариши Наврӯзи фархундапай имконияти мусоид ва фарогир ба вуҷуд овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳои миллӣ эҳё гаштаву умри дубора ёфтанд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз шукуҳу шаҳомати тоза пайдо карда, мақоми байналмилалиро касб кард. Сарвари кишварамон, махсусан, ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳу эҳтироми хосса доранд ва ҳамасола бо аҳли кишвар ин фархундаҷашнро бо азму ниятҳои тозаву нек таҷлил менамоянд.
Мо, ҳамагон, шоҳиди онем, ки Наврӯз бо ҷаҳонӣ шуданаш барои рушду робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти ҳусни тафоҳуми миллатҳо, таҳкими сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ ва ривоҷи тамаддуни башарӣ имконоти бештаре фароҳам кардааст.
Дар ситоиши ҷашни Наврӯз Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузоштагони мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии руҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад».
Маҳз дар рӯзи фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай Пешвои хирадоини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин санаи фархунда ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ чунин фармон доданд: “Ҷазои 897 шахсе, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуданд, тибқи рӯйхати замимагардида бахшида шуда, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд.”
Ин бахшоиши бузург аз иродаи бузургу рустамонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин мужда дар айёми ҷашни Наврӯз ба ҳазорон хонавода суруру хушбахтиро армуғон овард.
Зиҳӣ, Пешвои маҳбуби миллат!
Шоистаи зикр аст, ки ҷашни Наврӯзро бо дастовез истиқбол мегирем. Вале беҳтарин дастовези мо муҳаббат ва садоқати ростин ба миллату Ватан, забони тоҷикӣ, анъанаҳо ва муқаддасоти миллӣ хоҳанд буд, ки ин ҳама як ҷузъи зебо ва тобноки тамаддуни башарист.
Бо беҳтарин таманниётҳои нек ҳамаи ҳамватанони азизро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳният мегӯям. Бигзор дар муҳит, дар ҳаёт, дар хонадони ҳар як ҳамватани мо сарсабзиву суруру шодӣ ҳукмфармо бошад ва Наврӯз барояи ҳар хонадони тоҷик бахту саодати безавол эҳдо намояд.
Зоир Ғафурӣ, номзади имҳои филология, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.