Дар байни шуарои чӣ классик ва чӣ муосир маҳол аст, шоиреро тавон ёфт, ки ба васфи Наврӯзи оламафрӯз ва баҳори нозанин, ки мавсими бедории табиат ва ҳангоми таҷдиди аҳду нишоту шодмонӣ ва айшу тараб аст, шеъре насароида ё байте нагуфта бошад.
Лоиқ, ки худ шоире ошиқи зиндагӣ, ошиқи табиат, ошиқи ҳама гуна намуди зебо буд, дар ин бобат доди суханро додааст.
Наврӯз, ки қадимтарин ҷашн ва волотарин мерос аз ниёгони мост, хуҷастатарин, фархундатарин, фаррухтарин ва зеботарин ҷашни мост, чунки беҳтарин, бузургтарин ва хуррамтарин фасли солро меорад.
Лоиқ баҳорро ҳамчун олиҳаи зебое, ки сар то по гулпӯшу гулрез шодбош мегӯяд ва аз омадани ӯ хурраму шод аст:
Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ,
Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ.
Тозакориҳотро қурбон шавам,
Мисли ҳар соҳибҳунар, шод омадӣ.
Дар дилам кардӣ, назар бо чашми гул,
Гулҷамолу гулназар, шод омадӣ.
Аз қадамҳоят дилам гул мекунад,
Эй арӯсираҳгузар, шод омадӣ.
Дар лаби ҳар ғунча овардӣ паём,
Аз саховат, аз самар, шод омадӣ.
Дар раги ҳар майсаат маҷрои ризқ,
Баҳри абнои башар, шод омадӣ.
Дар канорат мебарад,инсон ба сар,
Як дами бедарди сар, шод омадӣ,
Эй биё, гул гуфтаву гул бишнавам,
Гул ба доман, гул ба сар, шод омадӣ
Ғазали фавқ гӯё пояндозест аз шодӣ, завқ, сурур, нишот ба пешвози баҳор густурда шуда, ғазалест чун баҳор сар то по гулпӯш ва гулрез.
Дар байни мардум чунин расм аст, ки барои меҳмони азиз пояндоз мепартоянд. Пояндози аз ҳама беҳтару гаронтар барои арус аст. Лоиқ ба баҳор «аруси роҳгузар» гӯён муроҷиат менамояд, гӯё дар ғазале суннати тоҷиконаи меҳмоннавозиро ба ҷо меорад ва чунон ки мардум меҳмони азиз (ҳама меҳмон азизи аст)-ро «хуш омадед» мегӯянд ва истиқбол мегиранд.
Шоир ба баҳор симои инсонӣ додааст ва ба тасаввуроти мардумӣ, ки аз устураҳои бостонӣ сарчашма гирифааст, таъсир бардоштааст. Агар устураи Машӣ ва Машиёна (Меҳрӣ ва Меҳриёна)-ро ба хотир орем, ки аз ду буттаи реббос (ревоҷ) рӯидааст, пай мебарем, ки Лоиқ ба ҳамин устура такя намудааст, инсон аз гиёҳ пайдо шудааст. Баҳор низ инсон аст ва барои инсон ризқу рӯзию нишоту тараб меорад.
Дар баҳрияҳои Лоиқ мо таъсирпардозиҳоро аз суннату оинҳоимардумӣ ба хубӣ пай мебарем ва ҷойгоҳи бовару русуми халқиро эҳсос менамоем.
Як нуқтаро бояд хотирнишон намуд, ки «хуш омадӣ» як навъ оини мардумӣ аст, ки реша дар боварҳои бостонӣ дорад. Агар ба ҷо овардану маросими қабул хусусияти этнографӣ (мардумшиносӣ) дошта бошад, маънии «шобош» (шод бош, хуш омадӣ) хусусияти фолклориро дорост, ки мо ин масъала ва шарҳи дигар оинҳои халқиро дар асарҳои фолклоршинос Равшани Раҳмонӣ дида метавонем.
Матнҳои «шобош» дар ҳар маҳал ҳар гунаанд ва ба андешаи ин ҷониб кам ҷамъоварӣ шудаанд. Ғазали Лоиқро метавон як навъи «шобош» шумурд, ки реша аз фарҳанги мардумӣ дорад.
Оини дигари маъруфи мардумӣ «муждакорон» аст, ки бо номи «муждагонӣ» маъмул аст. Дар маҳалҳои гуногун бо номҳои «ҳайда» (ҳадя), туҳфа, савғотӣ, севанчӣ, (себинчӣ) маъруф аст (ҳайдама бте, севинчӣ те. Ҳайдаме бте, отат туро дадай ба шу…):
Лола-раққосаи машъалдоре,
Бойчечак шафақи субҳона.
Сабзаҳо – кокули навбофтае,
Мезанад бод ба нармӣ шона…
Бишкуфад чун гули бодом, нахуст,
Ҳамчу пайғомбари оғози баҳор.
Бод ҳар сӯ давад, мастомаст,
Талабад аз ҳама, «Тӯёна биёр!»
«Тӯёна биёр!» гуфтани бод, гулгардонии бачагону навҷавононро, ки яке аз оинҳои оғози маросими ҷашни Наврӯзу баҳор аст, дар назар дорад. Бачагон дастаи гули сияҳгӯшро хона ба хона, деҳа ба деҳа гашта, мардумро муборакбод мегӯянд ва гуле мебахшанд. Мардум ба муборакбодии пайғоми баҳорӣ расида, ба онҳо туҳфаҳо мебахшанд, яъне ҳайда (ҳадя) ё севанчӣ мебахшанд.
Дар омади гап, бояд хотиррасон намоем, ки «севинчӣ» вожаи узбекӣ буда, «севинч» маънои шодмонӣ, хуррамиро дорад ва дар баъзе маҳалҳои тоҷикнишин низ маъмул аст. Ҳадяи шоири дилбохта шеъри нобу волои баҳорӣ аст:
Баҳор омаду ман сабзҷонӣ мехоҳам,
Чу сабза сабзии бахти ҷаҳонӣ мехоҳам.
Ба пои ёр бе монанди арғувони баҳор,
Зи пой то ба сараш гулфишонӣ мехоҳам…
Мехостам дидан туро,
Мастона бӯсидан туро.
Дар саҳнаи Наврӯзи дил,
Дил дода, санҷидан туро.
Мехостам гул чиданат,
Аз шеъри ман завқиданат.
Бо чашмаҳо ҷӯшиданат,
Бо сабзаҳо рақсиданат…
«
Оростани суфра (дастрахон)-и наврӯзӣ оин ё анъанаи қадимаи тоҷикон аст, ки чӣ гуна бояд ороста шавад. Ин чиз маълум ва маъруф аст – суманак, ҳафт син, ҳафтшин, ҳафт мим, ҳафт чин ва амсоли инҳо рамзи баҳору бороварию фаровонист.
Рақами “7”(ҳафт) пеши мардум азиз ва муқаддас аст. Ҳарчанд бозмондае аз тасаввуроти бостонист, ҳоло ҳам мавриди таваҷҷуҳи одамон аст. Агар ҳафт сину ҳафт шинҳо хусусияти нимодӣ дошта бошанд, лекин ҳафт пушт ҳисобӣ аст. Одамон ҳоло ҳам ба ҳафт пушт боварӣ доранд.
Ногуфта намонад, ки байтҳои дуюми ҳар банди шеъри зикргардидаро метавон «нӯшбод» гуфт. Нӯшбод низ оин ё суннатест, ки ҳамчун гунаи адабиёти гуфторӣ собиқаи таърихӣ дорад. Сухани махсусест, ки дар маъракаҳо, ҷашнҳои арусию домодӣ, зодрӯз, гаштак, хатнасур ҳарифона барои шод гардонидани ҳозирин гуфта мешвад. Дар адабиёти навишторӣ истилоҳи «дӯстгонӣ» мавҷуд аст, вале ин истилоҳ дар байни мардум чандон машҳур нест. Дӯстгонӣ пешкаш намудани шароб буда, нӯшбод суханест, ки онро дар анҷумани майкашон ва дар маросимҳои мардумӣ, ки бешароб аст, садо медиҳад. Нӯшбод ҳам бо наср ва ҳам бо назм ва ҳам омехта гуфта мешавад, ки ин ба донишу заковату ҷаҳонбинии гӯянда вобаста аст.
Лоиқ ба ҳамин суннату оини мардумӣ пайравӣ намудааст. Нӯшбоди баҳории ӯ шояд беҳтарин нӯшбодест, ки кайҳо мардумӣ шудааст:
Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!
Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!
Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзар,
Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!
Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!
Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!
Ин муборакбодии наврӯзиро метавон суруди мутантани ҷашни Наврӯз номид, ки ҳар сол дар рӯзи нави соли нав маъное наву мақоме нав пайдо мекунад.
Хулоса, шоир Лоиқ Шералӣ дар ашъораш аз тасаввуроти мардумӣ, оину суннатҳои халқӣ ва жанрҳои адабиёти гуфторӣ фаровон истифода бурдааст, ки мо танҳо чашмандозе ба онҳо кардем. Мавзуи мавриди назар масоилест, ки бояд дар оянда аз ҷониби мутахассисон ва фолклоршиносон мавриди омӯзишу пажуҳиши амиқ қарор бигирад, чунки ҷойгоҳи расму оину ақидаву ҷаҳонбинии мардум дар ашъори баҳорию наврӯзии Лоиқи бузургвор дар пояи баланд буда, мақом ва манзалати хосро соҳибанд.
Ситора Шодиева, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи тарбия ва кор ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.