ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бо иштироки намояндагони раёсати таълими Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Мавзуна Сафарова, роҳбарони методӣ ва донишҷӯён 8-уми феврали соли 2025 конфренсияи таҷрибаомӯзӣ баргузор карда шуд.

Мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Қосимова М. баромад намуда, доир ба хусусияти таҷрибаомӯзӣ ва фаъоляти омӯзгории донишҷӯ дар раванди он ибрози назар кард.

Дар идома сардори раёсати таълим Исомиддин Нозимов дар хусуси касби омӯзгорӣ ва раванди таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ сухан гуфт.

Мавзуна Сафарова тибқи фармоиши ба тавсибрасидаи директор донишҷӯёнро ба кафедраҳои пойгоҳии Коллеҷ дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ тақсим намуда, барои одоби ҳамидаи инсонӣ ва донишандӯзию забономӯзии онҳо дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён таъкид намуд.

Like0