Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки: “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.” Дар идомаи ин сатрҳои тиллоӣ Пешвои миллат чунин таъкид карданд: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.”
Дарвоқеъ, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб ҳар лаҳза таҳдид карда, ҳар як соҳибватанро водор месозад, то ба қадри меҳан, сарзамини аҷдодӣ, иқтисоди миллӣ, сулҳу суботи ҳамешагӣ, истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасад. Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи мутамаддинро ба ташвиш овардааст, ин даст задани гурӯҳе аз инсонҳо ба амалҳои номатлуб ба мисли терроризму экстремизм мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин гуна амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, мутаассифона, бештар ҷавонони гумроҳ ҷалб шуда, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои террористӣ истифода мешаванд.
Роҳбари давлат дар Паём чунин зикр намуданд: “Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.”
Мо, ҳамарӯза шоҳиди он ҳастем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ташаббусу роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сокинони саодатманди диёрамон шароитҳои муосир барои рӯзгори шоистаю осоишта муҳайё шуда истодаанд. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорию дастгирӣ ҳар як соҳибватан бояд содиқонаю самимона баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат карда, саҳми худро дар рушд ва муаррифии кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ гузорад.
Мавриди зикр аст, ки зиракии сиёсӣ воситаест, ки тавассути он ҷавонон метавонанд роҳи дурустро дар масири зиндагию таҳсил ва фаъолияти корӣ пайдо намоянд. Таҳлилҳои солҳои охир бозгӯи онанд, ки вазъи зиндагии инсон дар сайёраи Замин рӯз то рӯз мушкилтару мураккабтар мегардад. Тағйири иқлим ва низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам ҳар фарди донишманду дурандешро бетараф гузошта наметавонад. Дар чунин вазъу ҳолати хатарафзои ин ё он кишвари дунё мо бояд бештар ба қадри арзишмандтарин дастоварди миллат – Истиқлоли давлатӣ бирасем.
Ҷангҳои кишварҳои алоҳида барои манфиатҳо, ки сабабгори рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ гардида истодаанд, барои ҳамаи давлатҳову миллатҳои дигар дарси ҷиддӣ аст, то ба қадри сулҳу ваҳдати меҳани худ бирасанд. Ҷанг дар ҳама давру замон қурбонӣ дошт, харобӣ дошт, аммо дар замони навин даҳшати он ба маротиб бештар мебошад. Ҳатто, тасаввури ин ҳақиқат басо душвор менамояд, ки бар асари ҷангҳои миёни давлатҳо ҳазорҳо нафар зану кӯдак ҳалок шудаву шумораи муҳоҷирон ба миллионҳо нафар расидааст.
Ба бахти баланди мост, ки дар кишвари соҳибистиқлолу орому обод зиндагиву фаъолият дорем. Фарзандонамон дур аз даҳшатҳои ҷанг қарор дошта, бо беҳтарин шароитҳо бузург мешаванд. Имкони зиндагии шоиста ва таҳсили донишомӯзон дар кишвар фароҳам гардидааст.
Бояд қайд кард, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҳамаи мо бояд масъулияти баланди хешро иҷро намоем. Волидайну омӯзгоронро зарур аст, то наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои кишвар тарбия намуда, ин қишри муҳимми ҷомеаро ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамо бошанд. Инчунин, моро лозим аст, ки бо истифода аз расонаҳои иттилоотӣ таъсири мусбат ва манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва хатарҳои гурӯҳҳои ифротгароро ба ҷомеа дуруст фаҳмонем.
Ҳар яки мо дар хотир дошта бошем, ки миллату хуштолеъю хушбахтем, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳоноти сангини таърих сарбаландона гузашта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускору соҳибистиқлол мавқеи намоён дорем. Президенти кишвар ҳамеша дар мулоқотҳои хеш ҷомеаи моро ба худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ даъват менамоянд.
Роҳбари давлат боре дар як мулоқоташон ба халқи саодатманди тоҷик муроҷиат намуда, таъкид карда буданд: “Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.” Ин сатрҳои тиллоӣ ҳушдорест, то ҳар яки мо ватандӯсту хештаншинос бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Боиси ифтихори бузурги мост, ки Пешвои муаззами миллат пайваста бо таҳлилу тавзеҳи ҷаҳони мураккабу пуртазод аҳли кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон бо дарки масъулияти бузург ҳидоят мекунанд. Ин танҳо як огоҳсозӣ нест, балки таъкидест, ки бо иттиҳоду сарҷамъӣ, шинохти рисолати инсонӣ на танҳо ба қадри Истиқлоли давлатӣ бирасем, балки онро бо ҳамаи дастовардҳояш қадр карда, ҳифз намоем.
Дар интиҳо андешаҳои хешро бо сатрҳои саршор аз ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ изҳор доштанд, ҷамъбаст менамоем: “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.”
Зоир Ғафурӣ, номзади илми филология, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.