Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ, тарбиявӣ ва ҷашнӣ баҳри фароғати омӯзгорону донишҷӯён ва сокинони Душанбешаҳр баргузор гардид.
Шоми 26-уми июни соли 2023 бо ташаббуси факултети забонҳои хориҷии таълимгоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Мир Алишер Навоӣ” бо иштироки директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ, ҳунарманди ватансаро Тобиш Ҳилолӣ, ҳаҷвнигори маъруф Ҷурахон Сафаров ва дастаи ҳунарии Коллеҷ барномаи ҷашнӣ баргузор карда шуд.
Директор Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки бо ташаббусҳои бузургу таърихӣ ва қаҳрамониҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо офтоби сулҳ нурафшон буда, миллати сарбаланду саодатманди тоҷик дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд.
Дар идома аз ҷониби ҳунармандон ва дастаи ҳунарии Коллеҷ чорабинии хотирмони фарҳангӣ, ки фарогири сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои тоҷикӣ ва барномаи ҳаҷвӣ буд, пешкаши ҳозирин гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳуввияти миллии сокинон ва ба ин васила инъикос кардани дастовардҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ба раванди баргузории чорабинӣ ҳозирин баҳои баланд дода, иқдоми раёсати Коллеҷро ибратбахш ҳисобиданд.