3-юми июли соли 2023 бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наҳтулло Айнуллозода ва ҳайати профессорону дотсентон ва омӯзгорони Коллеҷ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи Коллеҷ доир гардид.
Нахуст Зоир Ғафурӣ баромад карда, доир ба ҳамаи самти фаъолияти муассиса, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2023 ҳисоботи муфассал пешниҳод кард.
Директор иброз дошт, ки дар маҷмуъ дар шаш моҳ фаъолияти Коллеҷ назаррас буда, муҳассилин ва омӯзгорони таълимгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Инчунин, ба фаъолият шуруъ кардану ҷоннок кардани кори Парки технологии муассиса дастоварди арзишманд дар ин давра аст.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки ишғол намудани ҷойи аввал дар миёни 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ низ дастоварди таърихии давраи ҳисоботист.
Барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани раванди таълим ва тарбия ба сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас дод.
Дар идома Довуд Ализода ва Наҳтулло Айнуллозода баромад намуда, ҳисоботи директори муассисаро қаноатбахш ҳисобида, дар маҷмуъ ба фаъолияти шашмоҳаи Коллеҷ баҳои баланд доданд…