29 майи соли 2023 аз ҷониби раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар фазои тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, роҳбарон ва волидони онҳо туҳфаҳои пулӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯз собиқадори соҳаи маориф, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти Коллеҷ Мастура Қосимова барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.
Директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ бори дигар ин дастоварди арзишманд – пирӯзии чор донишҷӯро дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ҳамагон табрик намуда, инчунин, изҳор дошт, ки раёсати Коллеҷ дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишварро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим сармашқи кору фаъолияти хеш интихоб карда, донишҷӯёни саодатмани муассисаро дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва донишомӯзиву забономӯзӣ таълиму тарбия менамояд.
Зикр шуд, ки раёсати Коллеҷ ҳамеша омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдодро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ширкат кардани онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он шароити мусоидро фароҳам овардааст.
– Мо, шогирдони худро ҳамавақт дастгирӣ менамоем, зеро ҳавасманднгардонӣ яке аз роҳҳои ноил шудан ба муваффақият аст, – чунин изҳор дошт директори Коллеҷ.
Дар интиҳои чорабинӣ волидон ба роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон барои саҳми арзанда гузоштанашон дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипос намуда, доир ба баланд будани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ва нақши бузурги Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар омода кардани мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ сухан гуфтанд.
Лозим ба зикр аст, ки 24 майи соли 2023 олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аз Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 4 нафар донишҷӯ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар натиҷа донишҷӯёни мо – Ҷаҳоноро Қаюмова аз фанни таърих сазовори ҷойи аввал, Зебуннисо Назарова аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал, Манижа Қаландарзода аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Юнусова Соро аз фанни забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар маҷмуъ, муассисаи мо дар миёни 15 Коллеҷ сазовори ҷойи аввал шуда, бо диплому ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.