МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ РАЁСАТИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБӢ

Дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба Қисми ҳарбии 13483 дар ноҳияи Данғара рафта, бо афсарону сарбозон мулоқот анҷом доданд. Инчунин, раёсати Коллеҷ барои аз наздик шинос кардани ҷавонони синни даъватӣ бо шароити хизмат хатмкардагони муассисаро ба қисми ҳарбӣ бурд.

Директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ аз шароити зисту фаъолияти хидматчиёну сарбозони қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуда, аз дастгириву ташаббусҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони ватандӯсту далери Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, ба онҳо барои ҳимояи марзу буми аҷдодии сарзаминамон изҳори сипос намуда, дар ин роҳи пурифтихору масъулиятнок сиҳатмандиву сарбаландӣ ва нерумандӣ таманно кард.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки бо ташаббуси раёсати Коллеҷ баҳри болидахотирии сарбозон чорабинии хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ, ки саршор аз суруду рақсҳои зебо ва шеърҳои таъсирнок буд, дар сатҳи баланд пешниҳод гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби Коллеҷ ба афсарону сарбоз дастархони идона ва хӯроки яквақтаина пешниҳод карда шуд.

Like0