Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлоли давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обруву нуфузи давлат, ҳимоягари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 – сол пур мешавад. Артиши миллӣ бо мақсади ҳимояи кишвар ташкил карда шудааст. Ҳамасола 23 – юми феврал дар саросари кишвар ҷашни Артиши миллӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида мешавад. Артиши миллӣ – яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ аст. Боэътимодии ҳар як давлати соҳибистиқлол қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш вазифаи бузурги ватандорӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандонро нисбат ба падару модар бозҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Вазифаи Артиш ҳимояи амнияти мардум, аҳаммияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоишта мебошад.
Рӯзи 23 – юми феврали соли 1993 нахустин бор паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъияти барқароркунии Артиши миллӣ душвор буд. Артиши миллии мо имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст. Мо насли имрӯза шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар чунин ватани зебо, сарсабзу хуррам, ободу осоишта, бо тантанаи сулҳу истиқлол зиндагии осудаҳолона дорем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43-юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавиии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.” Оре, ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас аст. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша таблиғу тарғиб менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатии хеш ҷони худро дареғ намедоштанд. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ мебошад Мо, бояд ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субботу озодӣ ва арзишҳои миллӣ расем. Артиш дар тамоми таърихи инсоният барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи истиқлол, сулҳу субот, амнияти бехатарии давлату шаҳрвандон неруи боэътимод аст.
Кӯлобӣ Раҷабова, муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷ.