ҲАМОИШИ БОШУКУҲИ ИЛМӢ – СИЁСӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садридин Айнӣ 14-уми январи соли 2025 таҳти унвони “Паём – машъали роҳнамои миллат” ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, директори Коллеҷ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода ва кормандону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, чунин изҳор дошт: “Пешвои маорифпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити омӯзгорон ва таҳсили донишомӯзон суханони арзишманду ибратбахш, пешниҳодоти муҳим баён дошта, ба масъулин дастурҳои судманду созанда доданд. Мо низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар Паём ин ҳамоиши илмӣ – сиёсиро таҳти унвони “Паём машъали роҳнамои миллат” дар Коллеҷ баргузор кардем.”

Дар идома, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар бораи бахшҳои муҳимми Паём ибрози назар намуда, қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як нафари худогоҳу ватандӯсти кишвар дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати сарнавиштсозу тақдирсоз ба шумор меравад.

Инчунин, Одилзода Дилбар дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ сухан гуфта, ҷавононро ба донишандӯзию забономӯзӣ ҳидоят кард.

Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ зикр кард, ки мо, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Like0

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *