5-уми феврали соли 2024 бо иштироки директори муассиса, дотсент Зоир Ғафурӣ ва ҳайати кормандони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласа баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ;
2. Омодагии Коллеҷ ба нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2023-2024;
3. Натиҷагирӣ аз имтиҳоноти сессияи зимистона;
4. Вазъи омодагии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ;
5. Татбиқи “Барномаи миллии рушди ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”.
Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ изҳор дошт, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз баҳри фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои иҷрои дастури ҳидоятҳои дар Паём ироашуда ҳамарӯза кӯшиш намуда, саҳми худро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат – наврасону ҷавонон гузорем.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки омодагии донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ хуб ба роҳ монда шуда, иштироккунандагони озмуну олимпиадаҳо бо роҳбаронашон фаъолияти ҳамарӯза дошта, назорати ҷиддӣ дар ин самт ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён, мунтазам бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо донишҷӯён, пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва муносибату муошират миёни ҳамдигар ибрози назар карда шуд.