ИДОМАИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ТОЗАГӢ

5 – уми августи соли 2023 кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади дастаҷамъона тоза кардани гирду атрофи таълимгоҳ шанбегӣ баргузор карданд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати Коллеҷ охири ҳар ҳафта барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор карда мешавад.

Like0