Дар асоси ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳои пайвастаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 4-уми июли соли 2023 мулоқоти роҳбарияти Коллеҷ бо намояндагони Бонки рушди Осиё ҷаноби Майен Уддин Тазим ва Динеш Нат Шалис баргузор гардид.
Ҷонибҳо барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмин намудани шароити ба талаботи замона ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ дар Коллеҷ табодули афкор карданд.
Ба таъкиди намояндагони Бонки рушди Осиё бояд дар Коллеҷи омӯзгорӣ чанд лабораторияи фаннӣ аз фанҳои дақиқ бо тамоми таҷҳизотҳои лозима сохта ба истифода дода шуда, барои боз ҳам мустаҳкам кардани базаи моддию техникии Коллеҷ замина фароҳам оварда мешавад.
Дар охири мулоқот аз ҷониби директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ ба ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмонннавозии тоҷикона тоқиии дорои навиштаҷоти “Тоҷикистон” ва дигар асбоби инъикоскунандаи ҳунарҳои мардумии тоҷикон тақдим карда шуд.