КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бо мақсади амали намудани ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” 3-юми июни соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Раванди обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи онҳо дар сатҳи байналмиллалӣ” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва чинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар кори конференсия Ниёзӣ Сироҷиддин – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Довуд – сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафурӣ Зоир Саъдулло – директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Дониёр Сангинзод – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Нигел Биллани (Nigel Billany) – намояндаи Финландия ва Бонки рушди Осиё, Жунг Йа (Zhung Ya) – намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сафарзода Хуршед – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, Баҳодур Раҷабов – директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, Нуриддин Султонҳайдаров – мудири кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ, Юнусӣ Аҳтамшо – дотсенти кафедраи филологияи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода ва дигар дотсентону омӯзгорон ширкат ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки бо намояндагӣ аз давлати Ҳиндустон Аkhlague Ahmad Ahan тариқи онлайн суханронӣ намуд.

Директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи ибтикороти бузургу байналмилалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳон оид ба масоили об ва ҳифзи муҳити зист сухан гуфта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари тоҷикони ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҷаҳони муосир эътироф гардида, дар ин самт корҳои муҳиму таърихиеро ба анҷом расонидааст.

Зикр шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳонро чун сиёсатмадори ташаббускору варзида эътироф карда, пешниҳодоту суханони арзишмандашонро дар амал барои фардои насли инсон татбиқ менамоянд.

Дар идома Ниёзӣ Сироҷиддин доир ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ вобаста ба оби тоза ва ин иқдоми раёсати Коллеҷ ибрози назар карда, баргузории чунин конференсияи илмии байналмилалии сатҳи баландро саривақтӣ ва натиҷабахш номид.

Ҳамчунин, меҳмонон дар доираи мавзуи конференсия маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Бояд зикр кард, ки мақолаҳои иштирокчиёни конференсия дар шакли китоб нашр гардида, дар рӯзи конфренсия ба иштирокчиёни он тақдим гардид.

Дар охир иштирокчиён – олимону муҳаққиқон ва меҳмонони хориҷӣ ба баргузории конференсия баҳои баланд доданд. Инчунин, ба меҳмонони хориҷӣ аз тарафи раёсати Коллеҷ ҳамчун рамзи меҳмоннавозии тоҷикона намунае аз либосу тоқии миллӣ туҳфа карда шуд.

Like0