ЗОИР ҒАФУРӢ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДОНИШВАР” ИНТИХОБ ГАРДИД

25-уми январи соли 2023 бо иштироки директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шукрулло Наботов, раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Ширин Қурбонова ва кормандону омӯзгорони таълимгоҳ ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар”-и Коллеҷ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин барасӣ гардиданд:

– пешниҳоди ҳисоботи солонаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар”;

– интихоби раис, муовин ва котиби ташкилот;

– шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Нахуст Шукрулло Наботов баромад намуда, масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласаро ба аъзои ҲХДТ – иштирокчиён пешниҳод кард.

Дар идома ҳисоботи солонаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” пешниҳоди ҳозирин гардида, зикр шуд, ки дар соли 2022 ташкилот дар заминаи иқдомоту дастурҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Сипас, ҷиҳати интихоб шудан ба ҳайси раиси ташкилот аз ҷониби аъзои ҳизб номзадии директори Коллеҷ Зоир Ғафурӣ Саъдулло пешбарӣ гардида, аз тарафи иштирокчиён якдилона интихоб карда шуд. Ҳамчунин, ба ҳайси муовини раиси ташкилот муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаргул Иброҳимова ва ба ҳайси котиб мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Маъруфшоҳи Ҳасан интихоб гардиданд.

Доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ширин Қурбонова баромад намуда, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз ду даҳсола Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод менамоянд, ки дар асоси он роҳбарони вазорату идораҳо ва миллати шарафманди тоҷик ҷиҳати рушди сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳо ба тавсиб расонида, корҳои бузургеро ба сомон мерасонанд.

Зикр шуд, ки дар Паём Пешвои миллат ба тамоми паҳлуҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аҳамияти махсус дода, ҷиҳати рушди ҳаматарафаи кишвар дастурҳои мушаххасу судманд медиҳанд.

Дар охир Зоир Ғафурӣ баромад карда, изҳор дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” фаъолият намуда, кӯшиш менамояд, то барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ тамоми чораҳоро роҳандозӣ намояд.

Like0