МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ҶАВОНОНИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар доираи моҳвораи ҷавонон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе силсилаи вохӯриҳо бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди кишвар, бо усули факулта ба факулта, вобаста ба амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад вохӯрии масъулон бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуъҳои: расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбати судманд доир гардид.

Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва меҳандӯстии ҷавонон ба шумор меравад.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки як гуруҳ донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо сипосномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Like0