28 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва директорону ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст Раҳим Саидзода ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Д. Ализода “Оид ба вазъи таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ҳ. Саидзода оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №563 “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, беҳтар намудани вазъи таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва ба кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва олии касбӣ, махсусан, ихтисоси омӯзгорӣ ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара супоришҳои қатъӣ дод.
Инчунин гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н.Зайниддинзода “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷати меъёрии «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ», “Дар бораи китоби «Суруд ва мусиқӣ» барои хонандагони синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллиф: Обидпур Ҷӯрахон)”, “Дар бораи китоби дарсии «Тарзи ҳаёти солим» барои дарсҳои тарбиявии хонандагони синфҳои 3 – 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (муаллифон: И. Каримова, М. Ниёзмухаммедова, Б. Ашӯрова, Т. Девоншоева)”, “Дар бораи Дастури методии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» (мураттибон: Ш. Шарифов, И. Ҷабборзода), “Дар бораи роҳнамои таълими «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» (шарҳу тавзеҳи воқеаҳо, мафҳумҳо, истилоҳот, солнома, ҷадвалу нақшаҳо) барои довталабони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» (мураттибон: Ҷӯрабек Исомитдинов, Ҷамшед Ҷӯразода)”, “Оид ба китоби дарсии «Идоракунии зиддибуҳронӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Раҳимов Ҳаким Саидович)”, “Оид ба китоби дарсии «Проектирование внутрицеховой системы электроснабжения промышленных предприятий» (Балоиҳагирии системаи барқтаъминкунии дохилисехии корхонаҳои саноатӣ, бо забони русӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Додхудоев Мамадризо Додхудоевич)”, “Оид ба китоби дарсии «Le français» (Забони фаронсавӣ) барои факултетҳои ғайритахассусии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Ҳусейнова Гулпарӣ Аҷикулоевна)”, “Оид ба китоби дарсии «Химияи таҳлилӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (муаллифон: Раҳимзода Афзалшоҳи Ҳотам, Ҳусайнов Аваз Додоевич, Саидов Маҳмадалӣ Назарович, Ҷумаева Миҷгона Исматовна)”, “Оид ба китоби дарсии «Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич)”, “Оид ба китоби дарсии «Таърихи психология» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Давлатов Маҳмадулло)”, “Оид ба китоби дарсии «Эпизоотологияи умумӣ бо беҳдошти ветеринарӣ (Машғулиятҳои амалӣ)» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллиф: Н. Р. Раҳматзода)”, “Оид ба китоби дарсии «Экспертизаи лингвистии матни ҳуҷҷатҳо: масъалаи назариявӣ ва амалиӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: З. Д. Ямоқова, М. М. Оқилова)”, “Оид ба китоби дарсии «Маркетинг и управление качеством» (Маркетинг ва назорати сифат, бо забони русӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (муаллифон: Солиева Лола Фирӯзовна, Шарипова Гавҳар Гулямовна)”, “Оид ба китоби дарсии «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (муаллифон: М. Р. Сабуров, И. Набиев, Ҷ. Туйхонов, Ҳ. Т. Сафаров, П. Марҳамзода)” ва дигар китобҳои дарсӣ шунида шуд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Боиси зикри хос аст, ки дар ҷаласа раёсат, деканони факултетҳо, мудирони шӯъба ва кафедраҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба таври онлайнӣ ширкат варзида, пас аз анҷоми маҷлис директори муассиса ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласа ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар иштирокчиёнро муваззаф сохт.