ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

27-уми апрели соли 2023 омӯзгори кафедраи фанҳои табиии факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология Иҷобати Эмомалӣ бо донишҷӯи гуруҳи 102, ихтисоси забони англисӣ баъди хатми синфи 11, дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи “Ҷавонон – муқобили терроризм” баргузор намуд.

Дар дарс муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, муовини директор оид ба тарбия Ҳурлиқо Қаюмова ва мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ С.Нозимов ширкат варзиданд.

Нахуст омӯзгор аз видеоҳои замони ҷанг, ки аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ ва гуруҳҳои наҳзатӣ ба миён омада буд, истифода намуда, доир ба амалҳои террористӣ ва шомил шудан ба ин гуруҳҳо, инчунин, оқибатҳои нохуши он сухан ронда, оқибати бад ба бор овардани терроризм ва экстремизмро ба ҳамагон фаҳмонид.

Сипас, донишҷӯён низ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар мавзуи мазкур баромад намуданд. Дар охир мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ С.Нозимов доир ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷангҳои беруназмарзӣ ва оқибатҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.

Дар охир доир ба мавзуъ миёни иштирокчиён мубоҳиса баргузор гардида, аз ҷониби иштирокчиён ба дарс баҳои баланд дода шуд.

Like1