ЧОР НАФАР ДОНИШҶӮЙИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе 15-уми апрели соли 2023 чорабинии тантанавӣ зери унвони “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ба муносибати Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукӯҳ ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус, маориф, ки соҳаи калидии кишвар аст, барои дастовардҳои назаррасашон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофотҳои пулӣ ва диплому ҷом қадрдонӣ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ тариқи озмун сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гардиданд.

Ифтихормандона бояд зикр кард, ки 4 нафар донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Расулзода Лутфия, Қосимова Сафина, Қосимӣ Умеда ва Ризванова Қаламнисо дар ин озмуни бонуфуз фаъолона ширкат варзида, сазовори ин стипендия шуданд.

Шоистаи зикру ифтихор аст, ки шумора нисбат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар зиёдтар буда, боиси ифтихори муҳассилин ва омӯзгорону кормандони таълимгоҳ аст.

ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНД МУБОРАКАМОН!

Like0